Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Русия блогери тоҷикро ба ҳабс нагирифт 


Салмон Раҷабзода (Ҷумъабой)
Салмон Раҷабзода (Ҷумъабой)

Додгоҳе дар Русия блогери боздоштшудаи тоҷик Салмон Раҷабзода (Ҷумъабой)-ро озод кард.

Додгоҳи ноҳияи Симоновскийи Маскав рӯзи 9-уми январ гуфт, талаби додситонро барои ҳабси блогер намепазирад.

Салмон Раҷабзода (Ҷумъабой), шаҳрванди Тоҷикистон, рӯзи 7-уми январи имсол дар Русия ба "барангехтани бадбинӣ ва паст задани шаъну шараф" боздошт шуд.

Ба иддаои Кумитаи тафтишоти Русия, ин зодаи Тоҷикистон “бо нашру паҳни наворҳои саҳнасозишуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ духтарони дорои чеҳраи славяниро таҳқир мекард ва шаъну шарафи онҳоро паст мезад.”

Саҳифаҳои "Осторожно, новости" ва "Shot" дар Телеграм навиштаанд, ки блогер моҳи декабри соли гузашта дар наворе гуфтааст, "ба зудӣ ҳамаи духтарони рус аз мо мешаванд". Маҳз ҳамин навор дар баъзе аз гурӯҳҳои шабакаи Телеграм вокуниши зиёд ба бор овард.

Худи блогер қабл аз боздошт дар саҳифааш Инстаграм гуфта буд, садо ба ӯ тааллуқ надорад ва ӯ ба касе бадӣ накарда ба барангехтани адовати миллӣ ҳам даъват нанамудааст.

Салмон Раҷабзода (Ҷумъабой), дар саҳифаҳояш дар Инстаграму Тик-Ток дар мавзуъҳои гуногун навору пурсишҳои ҳазломез мегузорад. Саҳифаи ӯ дар Инстаграм беш аз 200 ҳазор обуначӣ дорад.

Дар гузашта ду блогери тоҷик дар Русия барои нашру паҳни аксу наворҳои ҷанҷолӣ ба муддати аз 10 моҳ то ду сол зиндон маҳкум шуда буданд.

XS
SM
MD
LG