Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Миллионҳо кас дар Украина муҳтоҷи ёрӣ ҳастанд


Як идораи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, беш аз 14 миллиону 600 ҳазор кас дар Украина муҳтоҷи ёриҳои башардӯстона ҳастанд.

Ба иттилои Дафтари Ҳамоҳангсози Умури Башардӯстонаи СММ, ин шумора 40 дарсади аҳолии Украинаро ташкил медиҳад.

Тақрибан ду сол боз ҷанги бедалели Русия дар хоки Украина ҷараён дорад ва боис ба вайронӣ ва дастнигарии мардум шудааст.

Дафтари Ҳамоҳангсози Умури Башардӯстона ва намояндагии Созмони Милал дар Украина рӯзи 9-уми январ ҳушдор доданд, ки агар ҳамлаҳо ба бахши энержӣ ва зербунёдҳои дигари муҳим афзоиш ёбад, вазъ аз ин бадтар хоҳад шуд.

Ҳарду манбаъ гуфтаанд, ки ҷанг тақрибан 6 миллиону 300 ҳазор касро ба тарки Украина маҷбур кард.

То охири соли гузашта 5 миллиону 900 ҳазор украинӣ дар Аврупо ҳамчун паноҳҷӯ сабт шудаанд.

Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Украина гуфт: "Ҳар рӯз мардуми осоишта куштаву захмӣ ва хонаҳову зербунёдҳои муҳим тахриб мешаванд".

XS
SM
MD
LG