Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен барои суҳбат бо Маҳмуд Аббос ба Каронаи Ғарбӣ рафтааст


Энтони Блинкен ва Маҳмуд Аббос
Энтони Блинкен ва Маҳмуд Аббос

Вазири корҳои хориҷии Амрико баъд аз мулоқот бо раҳбарони Исроил, бо президенти Ташкилоти Худгардони Фаластин ҳам гап зад. Мулоқоти Энтони Блинкен бо Маҳмуд Аббос рӯзи 10-уми январи имсол дар Каронаи Ғарбӣ гузашт.

Ба иттилои хабарнигороне, ки дипломати баландпояро ҳамроҳӣ доштанд, Энтони Блинкен ба воситаи гузаргоҳ аз Исроил ба шаҳри Рамаллоҳ расидааст.

Як рӯз пеш Энтони Блинкен бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар бораи ҷанги Телавив бо гурӯҳи “Ҳамос” дар Навори Ғазза суҳбат дошт. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.

Вазири корҳои хориҷии Амрико пас аз дидор бо мақомоти баландпояи исроилӣ дар Телавив гуфт, Исроил бояд барои коҳиши талафоти ғайринизомиён дар Ғазза талоши бештар кунад.

Нерӯҳои исроилӣ чанд рӯз боз амалиёти худро ба шаҳри Хон Юнус дар ҷануби Ғазза ва урдугоҳҳои паноҳандагон дар минтақаҳои марказӣ кашондаанд.

Амалиёти Исроил ба зидди ҷангҷӯён се моҳ боз идома дорад. Даргирӣ баъд аз он оғоз шуд, ки “Ҳамос” рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба ҷануби Исроил ҳамла карда, 1200 касро кушт ва 240 нафари дигарро гаравгон гирифт.

Дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза зиёда аз 22 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд. Қисме аз онҳо занону кӯдакон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG