Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистон тарҳи қонун "Дар бораи ВАО"-ро баррасӣ мекунад


Тарҳи қонун "Дар бораи ВАО", ки аз сӯи дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон таҳия шудааст, барои баррасӣ ва қабул вориди порлумони он кишвар гардид.

Муаллифони тарҳи мазкур гуфтаанд, қонуни амалкунанда "Дар бораи ВАО" куҳна шуда, ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест.

Тарҳи нави қонун, ки аз сӯи дастгоҳи президент таҳия шудааст, низоми наверо пешниҳод мекунад, ки он "тавозун байни озодии баён, дигарандешӣ ва маҳдудиятҳои зарурӣ"-ро мадди назар дорад.

Дар сурати қабул, ин қонун аз муассисони сомонаҳои интернетӣ талаб хоҳад кард, ки ҳамчун расона дар Вазорати рушди рақамии Қирғизистон сабти ном шаванд. Тарҳи мазкур ҳамчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ ташкил кардани расонаро дар Қирғизистон манъ хоҳад кард.

Коршиносон ва ҷомеаи расонаии Қирғизистон борҳо аз ин тарҳи қонун интиқод кардаанд. Ба бовари онҳо, тарҳи мазкур ба озодии баён ва нишондодҳои демократӣ таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG