Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як роҳбари қарақалпоқистониҳо дар Қазоқистон фавтид


Ниетбой Уразбоев
Ниетбой Уразбоев

Роҳбари диаспораи қарақалпоқистониҳо дар вилояти Мангистауи Қазоқистон Ниетбой Уразбоев рӯзи 9-уми январ дар бемористоне дар шаҳри Алматои Қазоқистон фавтидааст.

Оқилбек Муродбой, як фаъоли дигари қарақалпоқистониҳо гуфт, Уразбоев вақтҳои охир дар манзили духтараш дар шаҳри Алмато зиндагӣ мекард. "Зеро метарсид, ки мақомоти махсуси Узбекистон метавонанд, ӯро аз манзилаш дар Мангистау рабоянд", - гуфт Муродбой.

"Вай дар ҳаяҷон буд. Метарсид, ки ба бемористон муроҷиат кунад. Рӯзи ҷумъа сиҳатиаш якбора бад шуд, ёрии таъҷилиро даъват карданд. Ду рӯз вай дар бахши эҳё буд. Рӯзи якшанбе ба ҳуҷраи умумӣ интиқол ёфта буд", - нақл кард Муродбой.

Баъд аз ҳодисаҳои тобистони соли 2022 дар Қарақалпоқистон, Уразбоевро дар Узбекистон ғоибона 12 сол зиндонӣ карда буданд. Муродбой гуфт, ним соли охир Узбекистон талош дошт, ки Уразбоев аз шаҳрвандии Қазоқистон маҳрум ва ба Узбекистон истирдод шавад.

XS
SM
MD
LG