Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ёвари ҳокими Самарқанд вақти гирифтани пора дастгир шуданд


Дар ноҳияи Самарқанди Узбекистон ду ёвари раиси ноҳияро ҳангоми гирифтани пора боздошт кардаанд. Боздоштшудаҳо ба як шаҳрванд ваъда кардаанд, ки дар ивази 1,3 ҳазор доллар ба вай қитъаи замин медиҳанд.

Боздоштшудаҳо ваъда кардаанд, 3,5 садяк заминеро, ки дар тавозуни маъмурияти ноҳия аст, дар ивази 1,3 ҳазор доллар мефурӯшанд.

Мансабдорон ҳангоми гирифтани 1000 доллар пора боздошт шудаанд.

Дар пайи ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG