Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши қаҳвахонаи Қазоқистон 2 узбекистонӣ ҷон бохтааст


Дар таркиши қаҳвахонае дар шаҳри Урали Қазоқистон се нафар ҷон бохтаанд.

Ду нафари онҳо шаҳрванди Узбекистон ҳастанд.

Маъмурони наҷот шаш осебдидаро аз зери харобаҳо берун овардаанд.

Ҳодиса шаби 3 ба 4-уми январ бар асари таркиши зарфи газ рух дод. Онро шаҳрвандони Узбекистон дар назди даромадгоҳи қаҳвахона барои пӯхтани нону санбӯса истифода мебурданд.

Таркиши балони газ боис ба чаппа шудани қаҳвахонаи дуошёна ва оташ гирифтани он гардид.

Ному насаби фавтидаҳо ва аз кадом вилояти Узбекистон будани онҳо гуфта намешавад.

XS
SM
MD
LG