Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия аз аввали сол 8 шаҳрванди Узбекистонро боздошт кардааст


Туркия. Акс аз бойгонӣ
Туркия. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Туркия аз аввали соли равон 8 узбекистониеро дар ин кишвар дастгир кардаанд, ки таҳти пайгарди қонунӣ қарор доштанд.

Дар консулгарии Узбекистон дар шаҳри Истанбули Туркия рӯзи 8-уми январ гуфтанд, ки афроди таҳти пайгард дар натиҷаи амалиёти муштараки мақомоти интизомии ду кишвар дастгир шудаанд.

Ба иттилои консулгарӣ, дастгиршудаҳо ба иштирок дар фаъолияти созмонҳои ҷиноӣ, қочоқи маводи мухаддир, дуздӣ ва қаллобӣ муттаҳам мешаванд.

Дар миёни боздоштшудаҳо як зан ҳам ҳаст, ки ба гуфтаи мақомоти Туркия, дар натиҷаи “мубориза бо қочоқи инсон” дастгир шудааст.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки шаҳрванди Узбекистон Нилуфар Мирхонова, ки аз сӯи пулиси байнулмилалӣ барои “қочоқи инсон бо ҳадафи истисмори шаҳвонӣ” ҷустуҷӯ мешуд, дар Туркия боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG