Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Шӯрои Аврупо истеъфо дод


Шарл Мишел
Шарл Мишел

Раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел пеш аз муҳлат курсиашро тарк мекунад ва дар интихоботи Порлумони Аврупо ширкат меварзад.

Раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел пеш аз муҳлат тарки курсӣ мекунад ва дар интихоботи Порлумони Аврупо ширкат меварзад.

Дар суҳбат бо расонаҳо Мишел гуфт, ки номи ҷойнишини вай охири моҳи июн ва ё аввали июл эълом хоҳад шуд.

Раиси кунунии Шӯрои Аврупо аз ҳизби либералии Белгия "Ҳаракати ислоҳотхоҳӣ" дар интихобот ширкат хоҳад кард. Мишел ин ҳизбро аз соли 2011 то 2019 роҳбарӣ мекард.

Вай то 16 июл Шӯрои Аврупоро раисӣ хоҳад кард.

Шарл Мишел 48 сол дорад. Вай зодаи Белгия аст. Соли 2019 раиси Шӯрои Аврупо шуд.

Муҳлати раисии Мишел дар Шӯрои Аврупо моҳи ноябри соли 2024 ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG