Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Патенти гарону рубли арзон миёни моро шикаст” ВИДЕО


Лаҳзаи суҳбати Шаҳлои Гулхоҷа бо Азизбек Ашӯров
Лаҳзаи суҳбати Шаҳлои Гулхоҷа бо Азизбек Ашӯров

Азизбек Ашӯров даҳ сол қабл, ҳангоме ки ҳамагӣ 25 сол дошт, дар ҷустуҷӯйи кор ба Русия рафт ва аз он замон то ҳоло дар минтақаи дурдасти Сибир қарор дорад. Зану фарзандонаш дар Тоҷикистон ҳастанд.

Мегӯяд, дар аввал рӯзҳои сарду пураламро аз сар гузаронд, вале феълан кораш андаке сару сомон ёфтааст. Ҷараёни сари вақт ва бидуни костӣ расондани нонро ба мардуми минтақаи худмухтори Ханти-Мансийск назорат мекунад.

“Дар минтақае, ки мо кору зиндагӣ дорем, ҳаво бисёр сард аст ва ним сол офтобро намебинем," – нақл кард ӯ. Бар илова, ба гуфтаи Азизбек Ашӯров, дар ин минтақаи Русия нархи патент баланд асту маош кам ва зиндагӣ мушкил.

Ӯ кӯшиш дорад, бо андак пули ҷамъовардааш дар Русия дар Тоҷикистон хона созад, то ҳамсару фарзандонаш соҳиби сарпаноҳ шаванд.

Азизбек Ашӯров мегӯяд, дар муҳоҷират пастиву баландиҳои зиёдеро дид, вале ҳар гоҳе хабари марги тоҷикистониеро дар ғурбат бишунавад, ба мисли ҳезум месӯзад.

Нақли қаҳрамони барномаро дар инҷо бинед:

"Патенти гарону қурби паст миёни моро шикаст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:22:37 0:00

Барнома дар Ютуб:

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG