Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олмон даъвои Алишер Усмоновро қабул накард


Додгоҳи конститутсионии Олмон даъвои миллиардер аз Русия Алишер Усмоновро ба баррасӣ нагирифт. Усмонов даъво дошт, ки бозҷӯии киштиаш ғайриқонунӣ аст.

Расонаҳо ҳанӯз моҳи августи соли 2023 хабар дода буданд, ки Алишер Усмонов ба додгоҳ шикоят бурда, бозҷӯии киштиаш "Dilbar"-ро дар бандари Бремен, вайрон кардани ҳаққи моликият номидааст.

Мақомоти Олмон дар доираи парвандаи эҳтимолии пулшӯӣ, ки мумкин аст, нисбат ба Алишер Усмонов боз шуда бошад, киштии ӯро бозҷӯӣ карданд.

Баъд аз ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина, нисбат ба Усмонов, ки яке аз "афроди наздики президенти Русия Владимир Путин унвон мешавад", Ғарб таҳрим ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG