Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи ду муовини вазири корҳои хориҷӣ эълон шуд


Бино Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Бино Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Номи муовини аввал ва муовини дигари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон маълум шуд.  

Бар асоси қарори ҳукумат аз 5-уми январи имсол Исматулло Насреддин муовини аввали вазир таъйин шудааст.

Ӯ то ин дам дар мансаби сафири Тоҷикистон дар Покистону Бангладеш кор мекард.

Фаррух Шарифзода (Ҳомиддин)-ро муовини дигари вазири корҳои хориҷӣ таъйин карданд.

Шарифзода аз соли 2017 то моҳи майи соли 2023 намояндаи расмии Тоҷикистон дар Туркманистон буд.

Тағйироти кадрӣ дар идораҳои давлатӣ ва намояндагии расмии Тоҷикистон дар хориҷа пайваста аз тарафи мухолифони ҳукумат танқид мешавад. Онҳо мегӯянд, ҳукумат шахсонеро ба ин вазифаҳо таъйин мекунад, ки солҳои дароз садоқаташонро озмудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, дар байни онҳо ҷавонон ва занон каманд.

XS
SM
MD
LG