Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳаққи" кӯдакистонҳо дар Тоҷикистон афзуд


Аз 1-уми январи имсол нархи хидмати кӯдакистонҳоро дар Тоҷикистон боло бурданд. Ҳамакнун волидон барои як кӯдак ба ҷойи 136 сомонии пешина 144 сомонӣ медиҳанд.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо нашри эълоне дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабаби боло рафтани ҳаққи моҳонаи кудакистонҳоро афзоиши "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" донист.

Бар асоси он "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" аз 1-уми январ 72 сомонӣ муқарар гардидааст. То ин дам 68 сомонӣ буд.

Аз шаҳрвандон хоста шудааст, ки "ҳаққи" кӯдакистонҳоро ба воситаи "Амонатбонк" супоранд.

Дар ҳамин ҳол, сокинон мегӯянд, дар баъзе аз кӯдакистонҳо бар иловаи моҳона ҳаққи мураббияҳо низ талаб карда мешавад.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфтааст, дар сурати аз ҷониби масъулони кӯдакистонҳо зиёд талаб шудани пули бештар сокинон метавонанд ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Душанбе бештар аз 150 муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавҷуд аст, ки наздик ба 31 ҳазор тарбиятгирандагонро фаро гирифтаанд.

Аз ин теъдод 92 муассиса буҷетӣ, 46 муассисаи хусусӣ ва 12 муассисаи дигар вобастаи корхонаву ташкилот мебошанд.

XS
SM
MD
LG