Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари таҳияи қонуни дузанагӣ дар Қирғизистон рад шуд


Сухангӯи порлумони Қирғизистон Жайил Русланов хабарҳо дар бораи онро ки гӯиё барои иҷозат додан ба бисёрҳамсарӣ ё дузанагӣ дар ин кишвар лоиҳаи қонуне омода мешавад, рад кард.

Сухангӯи порлумони Қирғизистон Жайил Русланов хабарҳо дар бораи онро ки гӯиё барои иҷозат додан ба бисёрҳамсарӣ ё дузанагӣ дар ин кишвар лоиҳаи қонуне омода мешавад, рад кард.

Русланов 4 январ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки ин хабар ҳақиқат надорад. "Ёдовар мешавам, ки ҳар кӣ хабари нодурустро паҳн ва мардумро гумроҳ месозад, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд", - навишт ӯ.

Қаблан бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қирғизистон навиштанд, ки дар порлумони ин кишвар барои иҷозат додан ба дузанагӣ лоиҳаи қонуне омода мешавад.

Бар асоси Кодекси ҷиноии Қирғизистон, барои дузанагӣ ё бисёрҳамсарӣ ҳамчун ҷазо корҳои ислоҳӣ ё ҷарима пешбинӣ шудааст ва муҳим нест, ки издивоҷи дуюм расман сабт шудааст ё не. Оиладорӣ бо ду ва зиёда зан ҷиноят ҳисобида мешавад.

Сарфи назар аз чунин ҷазоҳо аксари мардон дар Қирғизистон аз чанд ҳамсарӣ намеҳаросанд. Тайи солҳои гузашта бархе аз сиёсатмадорон, вакилон, диншиносон ва ҳатто раисиҷумҳури пешин ҳам ошкоро эътироф кардаанд, ки чанд зан доранд ва барои ин ҳеҷ ҷазо надиданд.

XS
SM
MD
LG