Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон ба Ҳонконг дар бозии санҷишӣ


Тими миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Ҳонконг бозии санҷишӣ анҷом дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии санҷишии мунтахаби Тоҷикистон бо Ҳонконг, ки дар доираи ҷамъомади таълимию тамринии даста 4-уми январ дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб – шаҳри Абузабӣ –баргузор шуд, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи футболбозони тоҷик хотима ёфт.

Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Рустам Соиров ва Шаҳром Самиев заданд.

Бозии санҷишӣ

Ҳонконг – Тоҷикистон – 1:2

Голҳо: Рустам Соиров, 25 (0:1). Эвертон Камарго, 33 (1:1). Шаҳром Самиев, 51 (1:2).

4-уми январ. Абузабӣ, варзишгоҳи Шайх Зайёд.

Ҷамъомади таълимию тамринии тими миллии Тоҷикистон дар Абузабӣ то рӯзи 7-уми январ идома хоҳад кард.

Дар ҷамъомад бо раҳбарии сармураббӣ Петар Шегрт, мутахассиси хорватӣ, 27 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – иштирок доранд.

Рӯзи 8-уми январ тими миллии Тоҷикистон барои ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 12-уми январ то 10-уми феврал дар Қатар доир мегардад, ба шаҳри Доҳа меравад.

Дар Ҷоми Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Чин (13-уми январ), Қатар (17-уми январ) ва Лубнон (22-юми январ) рақобат хоҳад кард.

Дастаҳо тибқи қуръакашӣ ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф, инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8- ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ меёбанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол», Душанбе), Далерҷон Баротов («Истаравшан», Истаравшан);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Курбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан», Кӯлоб), Далер Имомназаров («Эсхата», Хуҷанд);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Комрон Турсунов («Гокулам Керала», Ҳиндустон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев, Алиҷони Буризод (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА, Душанбе), Алишер Шукуров («Кӯктош», Рӯдакӣ);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот», Фархор).

Сармураббӣ – Петар Шегрт

Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

13-уми январи 2024 (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Чин – Тоҷикистон

Доҳа, варзишгоҳи Абдулло бин Халиф

Даври 2-юм

17-уми январи 2024 (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Тоҷикистон - Қатар

Доҳа, варзишгоҳи «Ал-Байт»

Даври 3-юм

22-юми январи 2024 (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Тоҷикистон - Лубнон

Доҳа, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

XS
SM
MD
LG