Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон як узви "Вагнер"-ро 5 сол зиндон карданд


Додгоҳе дар вилояти Норини Қирғизистон Бекназар Боругул уулу - шаҳрванди ин кишварро барои иштирок дар ҷанги зидди Украина дар ҳайати Ширкати хусусии низомии "Вагнер" 5 сол зиндон кардааст.

Додгоҳе дар вилояти Норини Қирғизистон Бекназар Боругул уулу - шаҳрванди ин кишварро барои иштирок дар ҷанги зидди Украина дар ҳайати Ширкати хусусии низомии "Вагнер" 5 сол зиндон кардааст.

Пештар аз ин додгоҳи шаҳрии Норин низ чунин ҳукме содир карда буд.

Моҳи августи соли 2023 хабари боздошти сокини 27-солаи вилояти Норини Қирғизистон нашр шуда буд. Ӯро барои дар ҳайати "Вагнер" зидди Украина ҷангидан боздошт карда буданд. Шаҳрванди Қирғизистон пештар дар Русия зиндонӣ буд ва аз зиндон ба сафи "Вагнер" пайваст. Вай баъди иштирок дар ҷанги зидди Украина ба Қирғизистон баргашт ва боздошт шуд.

Додгоҳ ӯро бо моддаи "Иштироки шаҳрванди Қирғизистон дар низои мусаллаҳона ва ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди кишвари дигар ва ё омодагӣ барои анҷом додани амали террористӣ" зиндон кардааст.

XS
SM
MD
LG