Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"TVCOM"-и Қазоқистон намоиши телевизионҳои Русияро қатъ кард

Оператори моҳвораӣ ва телевизиони интернетии Қазоқистон (TVCOM) хабар дод, ки аз аввали моҳи январ баъзе аз шабакаҳои телевизионии Русия, аз ҷумла "Шабакаи аввал"-ро аз барномаи пахши худ берун кардааст.

Бар асоси ин қарор, пахши шабакаҳои телевизионии русии "Первый канал СНГ", "Поехали", "Время: далекое и близкое", "Дом кино", "Телекафе", "Дом кино Premium", "Музыка Первого", "Победа", "Карусель", "Бобер" ва "О!" қатъ шудааст.

Дар иттилоияи "TVCOM" гуфта шуда, ки раҳбарияти он тасмим гирифтааст, то пахши шабакаҳои телевизионии иттилоотии хориҷиро камтар кунад.

"TVCOM" афзуда, ки "дониши расонаии муштариёни он ба сатҳи боло расида, онҳо хабарҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ мекунанд".

Қазоқистон моҳи ноябри соли гузашта низ пахши шабакаи "Sputnik24"-ро, ки имкони тамошои шабакаҳои русӣ тавассути он вуҷуд дошт, қатъ карда буд.

XS
SM
MD
LG