Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Қирғизистон зидди як рӯзноманигор парванда накушод


Кундуз Жолдубоева
Кундуз Жолдубоева

Пулиси Қирғизистон аз боз кардани парванда алайҳи рӯзноманигори "Арча медиа" Кундуз Жолдубоева худдорӣ кардааст.

Вакили дифои рӯзноманигор 3 январ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки зидди шахси зери ҳимояи ӯ вакили порлумони Қирғизистон Нодира Норматова шикоят карда буд.

Пулиси нисбат ба Жолдубоева бо ҷурми "майдаавбошӣ" санади маъмурӣ тартиб додааст, ки ба ӯ ҷарима ё корҳои ҷамъиятӣ таҳдид мекунад.

Кундуз Жолдубоева 7 декабри соли гузашта дар пайи шикояти Норматова барои бозпурсӣ ба шуъбаи пулиси ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек даъват шуд. Рӯзноманигор гуфт, ӯро барои гузориши "робитаи бархе аз мансабдорон бо мафияи Матраимов ва Колбоев" дар саҳифаи "Арча медиа" дар шабакаи Ютуб даъват кардаанд.

Қамчӣ Колбоев рӯзи 4 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, дар ҷараёни амалиёти махсус, кушта шуд. КДАМ Қирғизистон гуфт, Колбоев муқобилати мусаллаҳона нишон дода ва дар натиҷа кушта шудааст.

Раимбек Матраимов солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқотҳои рӯзноманигории марбут ба низоми фасодолуди гумруки Қирғизистон зикр шудааст.

XS
SM
MD
LG