Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев баъди ду сол дар бораи ҳодисаҳои январӣ гап зад


Субҳи 3-юми январ нашрияи Egemen Qazaqstan мусоҳиба бо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро нашр кард. Яке аз мавзуҳои асосии ин мусоҳиба ҳодисаҳои январии соли 2022 аст.

Ба бовари Тоқаев, "масоили чандинсолаи ҳалношудаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва карахтии умумӣ" боиси ҳодисаҳои январии соли 2022 шудаанд. Тоқаев ҳамчунин гуфт, "тасмими вай барои демократиясозии низоми сиёсӣ, озодсозии ҳаёти ҷамъиятӣ, аз инҳисор баровардани иқтисодиёт" ба афроди бонуфуз хуш наомад - "онҳо инро барои худ хатар ҳис карданд".

Тоқаев гуфтааст, ки гуруҳи афроди баландмақом дар мақомоти қудратӣ ва олами ҷиноӣ нуфузи зиёд доштанд ва ба ҳамин хотир талош карданд, ки қудратро бо роҳи хушунат ба даст гиранд.

"Дар талоши табаддулоти давлатӣ тундгароён, олами ҷиноӣ, тундгароёни динӣ якҷоя иштирок карданд", - гуфтааст Тоқаев.

Ибтидои моҳи январи соли 2022 эътирозҳо нахуст дар вилояти Мангистауи Қазоқистон зидди болоравии қимати газ ташкил шуданд. Рӯзҳои баъдӣ сокинони шаҳрҳо ва минтақаҳои дигари Қазоқистон ба эътирозҳо пайвастанд ва дар бархе ҷойҳо эътироз ба хушунат табдил шуд. Мақомоти Қазоқистон он ҳодисаҳоро ҳамлаи террористон ва талоши табаддулоти давлатӣ унвон карданд. Қосимҷомарт Тоқаев ба мақомоти қудратӣ дастур дод, ки сӯи эътирозгарон тир кушоянд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо 238 кас кушта шудааст. Ҳазорон каси дигар боздошт шуд, ки қисме аз онҳо бо айби "иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ", содир кардани "амали террористӣ" зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG