Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноиби роҳбари сиёсии "Ҳамос" дар Бейрут кушта шудааст


Бейрут, ҷойи ҳодиса, 2-юми январи 2024
Бейрут, ҷойи ҳодиса, 2-юми январи 2024

Хабаргузории расмии Лубнон навишт, ки Солеҳ Арурӣ, муовини роҳбари сиёсии гурӯҳи "Ҳамос", дар ҳамлае ба ҷануби Бейрут кушта шуд. 

"Ҳамос" низ тасдиқ кард, ки Арурӣ ва ду фармондеҳи баландпояи Иззудин Қассом, шохаи низомии ин гурӯҳи тундрав, кушта шудаанд. Ин гурӯҳ, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд, гуфтааст, кушта шудани ноиби раиси дафтари сиёсии “Ҳамос” дар Бейрут ба “муқовимат” поён нахоҳад дод.

Наҷиб Миқотӣ, сарвазири муваққати Лубнон, ҳамларо маҳкум кард ва онро кори дасти Исроил донист. Марк Регев, аз мушовирони нахуствазири Исроил, мегӯяд, кишвараш масъулияти ҳамларо намепазирад.

Арурӣ аз шахсиятҳои барҷастаи низомӣ ва сиёсии “Ҳамос” буд, ки дар таъсиси Иззудин Қассом, шохаи низомии ин гурӯҳ нақши аслӣ дошт. Вай аз соли 1992 то 2007 дар Исроил зиндонӣ буд. Соли 2010 бо ҳукми девони олии Исроил аз сарзаминҳои фаластинӣ ихроҷ шуд.

Ҷанг дар Навори Ғазза пас аз он оғоз шуд, ки “Ҳамос” рӯзи 7-уми октябр ба Исроил ҳамла карда, 1200 нафарро кушт ва 240 нафарро гаравгон гирифт. Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои Исроил дар тақрибан се моҳи охир зиёда аз 22 ҳазор фаластинӣ кушта шуданд. Ин идора зери назорати “Ҳамос” аст.

XS
SM
MD
LG