Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон коршикании кормандони "West Oil" идома дорад


Кормандони ширкати "West Oil" дар деҳаи Жетибойи вилояти Манғистауи Қазоқистон 21 рӯз мешавад, ки коршиканӣ мекунанд.

Эътирозгарон бо нашри муроҷиатномаи видеоӣ ба унвони мақомоти Қазоқистон мегӯянд, намояндаҳои худро ба шаҳри Остона фиристодаанд, вале касе онҳоро қабул намекунад.

"Вакилони порлумон, ки барои мандат мубориза бурданд, дар куҷо ҳастанд? Ё онҳо бозичаи дасти олигархҳо шудаанд? Талаби мо ояндаи кишвар аст. То қарори одилона қабул нашавад, корпартоии мо қатъ нахоҳад шуд", - гуфтаанд эътирозгарон дар муроҷиатнома.

Эътирозгарон аз 11 декабри соли гузашта талаб доранд, ки онҳо ба ширкатҳои тобеи "КазМунайГаз" интиқол дода шаванд ва ҳамчунин маошашон бар асоси низоми ягонаи музди меҳнат пардохт гардад. Техникаҳои корӣ низ нав карда шаванд.

Ширкати "West Oil Software" 18 декабр гуфт, бо ширкати "ОТК" то соли 2027 шартномаи дарозмуддат имзо кардааст ва маҷбур мебошад, ки уҳдадориҳои худро "бо кормандони норозӣ ва ё бидуни онҳо" ба таври комил иҷро кунад.

Ширкат коршикании кормандонашро "ғайриқонунӣ" номида гуфт, ин иқдом хатари рух додани садама дар чоҳҳои нафтро ба миён овардааст.

XS
SM
MD
LG