Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон панҷ касро ба гуноҳи "дуздии мусаллаҳона" куштанд


Мақомоти додгоҳии Эрон рӯзи 1-уми январ гуфтанд, ки панҷ нафарро ба гуноҳи "дуздии мусаллаҳона" эъдом (қатл) карданд, аммо ҳувияти онҳоро фош накарданд.

Ба хабари мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ, онҳо дар чанд дуздии мусаллаҳона, ки "роҳҳоро ноамн карда, тарсу ваҳмро миёни мардум ба вуҷуд овард" гунаҳкор дониста шуданд.

Дуздии чорво дар канораҳои Теҳрон бахши дигари парвандаи онҳо будааст.

Эрон баъди Чин кишварест, ки теъдоди бештари эъдомҳо дар онҷо содир мешавад.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ба ҳисоби онҳо, танҳо дар як ҳафтаи охир мақомот дар Эрон 31 нафарро эъдом кардаанд.

Теъдоди умумии эъдомшудаҳо дар соли 2023 дар Эрон ба 823 нафар расид.

XS
SM
MD
LG