Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский ба дидани нерӯҳои кишвараш ба Авдиевка рафтааст


Владимир Зеленский қаблан ба Бахмут, Изюм ва Херсон низ рафта буд
Владимир Зеленский қаблан ба Бахмут, Изюм ва Херсон низ рафта буд

Владимир Зеленский, президенти Украина, ба дидани нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш ба Авдиевка рафтаааст.

Ин шаҳр дар ҳудуди вилояти Донетск ҷойгир аст. Минтақае, ки задухӯрди сахт миёни нерӯҳои Украина ва Русия ҷараён дорад.

Зеленский рӯзи 29-уми декабр дар наворе дар Телеграм Авдиевкаро "нуқтаи душвортарини ҷабҳа" номид.

Раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Украина Андрей Ермак низ ба Авдиевка рафтааст. Вай гуфт, ки артиши Русия "бо ҳамлаҳои пайваста шаҳрро вайрон мекунад".

Владимир Зеленский аз замони ҳамлаи Русия ба хоки Украина дар тақрибан ду соли охир чанд дафъа ба дидани сарбозону афсарони кишвараш ба нуқтаҳои доғ рафтааст. Ӯ дар наздикии Бахмут, Изюм ва Херсон низ буд.

XS
SM
MD
LG