Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 559. Талафоти артиши Русия дар Украина афзудааст


Қабристоне дар Саратов
Қабристоне дар Саратов

Ба гузориши "Медиазона" ва бахши русии Би-би-сӣ, талафоти артиши Русия дар майдонҳои ҷанг дар Украина то 29-уми декабри имсол ба 40 ҳазору 559 нафар расид. Ин омор танҳо онҳоеро дар бар мегирад, ки номашон расонаӣ шудааст.

Муаллифон мегӯянд, феҳраст пурра нест ва теъдоди ҳақиқии сарбозону афсарони кушташудаи Русия дар Украина метавонад "якуним-ду баробар бештар бошад".

"Медиазона" ва бахши русии Би-би-сӣ аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина талафоти нерӯҳоро ҳисоб мекунанд.

Онҳо маълумотро аз манобеи боз, ҳуҷҷатҳо, паёми мансабдорону хешовандон, гузориши расонаҳо ва оромгоҳҳо мегиранд.

Русия ва Украина талафоти воқеии нерӯҳои худро дар ҷанге, ки тақрибан ду сол боз идома дорад, фош намекунанд. Вазорати дифои Русия 21-уми сентябри соли 2022 дар бораи марги 5937 нафар гузориш дода буд.

XS
SM
MD
LG