Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иёлоти Муттаҳида ба Украина аслиҳа мефиристад


Энтони Блинкен
Энтони Блинкен

Амрико рӯзи 27-уми декабр эълон кард, ки аз ҳисоби кумакҳои ҷудошуда барои Украина ба арзиши 250 миллион доллар ба Киев аслиҳа, аз ҷумла мушак, мефиристад.

Котиби давлатии Амрико гуфт, бастаи ёриҳо низоми дифои зиддиҳавоӣ, таҷҳизоти зарурӣ барои HIMARS ва аслиҳаву маводи дигари ҳарбиро дар бар мегирад.

“Кумакҳои мо барои пуштибонӣ аз шарикони украинӣ барои дифоъ аз кишвар ва озодияшон дар муқобили таҷовузи Русия бисёр муҳим аст,” -- гуфт Энтони Блинкен.

Вай афзуд, ин таслиҳот дар доираи барномаҳое пешниҳод мешавад, ки пештар барои Украина дар назар гирифта шуда буд.

Баъд аз ин ҳукумати Амрико бояд барои ихтисоси ёриҳои иловагии низомӣ барои Украина ризоияти Конгрессро ба даст биёрад. Коре, ки зоҳиран осон ба назар намерасад.

Сенати Амрико рӯзи 6-уми декабри имсол тарҳи қонунеро, ки кумаки низомиро ба Украинаву Исроил ва ёрии башардӯстонаро ба аҳолии Ғазза дар бар мегирифт, напазируфта буд.

XS
SM
MD
LG