Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

39 кушта, 160 захмӣ. Ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба Украина


Мақомоти Украина гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои густурдаи ҳавоии Русия дар саросари ин кишвар шаби 28 ба 29-уми декабр 39 нафар кушта ва 160 кас захмӣ шуд. Даҳҳо хона ва иншооти муҳими иҷтимоӣ низ вайрон гардидааст.

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, Русия "қариб аз ҳама гуна силоҳу таҷҳизот, аз ҷумла мушакҳои болдору ҳавопаймоҳои бесарнишин ва бомбаандозҳо" истифода кард.

Нерӯҳои ҳавоии Украина хабар доданд, ки аз 158 мушаку ҳавопаймои бесарнишини Русия 114-тои онро аз байн бурданд.

Зеленский мегӯяд, нерӯҳои Русия шаҳрҳои Киев, Лвов, Одесса, Днепр, Харков ва Запорожйе ва хонаву иншооти иҷтимоиро ба мисли зоишгоҳ, мактаб ва марказҳои савдо нишон гирифтанд.

Радиои Озодӣ ҳамлаҳоро мустақилона тасдиқ карда наметавонад, аммо дар чанде аз шаҳрҳои бузурги Украина пайомади таркишҳо ва боқимондаи мушаку ҳавопаймоҳо дида шудааст.

Сарвазири Украина онро як ҳамлаи густурдаи ҳавоии Русия номид, ки ҳадафаш нобуд кардани зербунёдҳои иҷтимоист.

Артиши Украина мегӯяд, мавзеъҳои низомиён низ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.

Рӯзи 29-уми декабр дар саросари Украина дигарбора бонги хатар садо дод ва аз мардум хоста шуд, ки ба паноҳгоҳҳо раванд.

Киев ва кишварҳои ғарбӣ ҳамвора Русияро барои ҳадаф қарор додани мардум ва зербунёдҳои ғайринизомӣ муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG