Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як тарафдори Навалний ба 9 сол зиндон маҳкум шуд


Ксения Фадеева дар додгоҳ
Ксения Фадеева дар додгоҳ

Додгоҳи ноҳияи Совети вилояти Томск 29-уми декабр як тарафдори Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифонро дар Русия ба нуҳ соли зиндон маҳкум кард. Додситон барои ӯ даҳуним соли зиндон хоста буд.

Ксения Фадеева дар гузашта раҳбари Ситоди Навалний дар вилояти Томск буд.

Додгоҳ ӯро ба эктремизм гунаҳкор кард, аммо вакили дифоъ иттиҳомро рад кард. Вакили дифоъ Семён Воднес ҳукми додгоҳро "ғайриқонунӣ, ғайримантиқӣ ва ноадолатона" хонд.

Гуруҳи ҳимоят аз Ксения Фадеева дар Телеграм навиштанд, ки ба зидди ҳукми додгоҳ шикоят мебаранд.

Ин тарафдори Алексей Навалнийро дар моҳи декабри соли 2021 дастгир карда буданд. Баррасии парвандааш дар моҳи августи имсол оғоз шуд.

Фадеева пештар вакили маҷлиси шаҳрии Томск низ буд.

XS
SM
MD
LG