Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқот: Русия теъдоди қурбониёни Каховкаро кам нишон дод


Херсон, 7-уми июни 2023
Херсон, 7-уми июни 2023

Як таҳқиқот маълум кардааст, ки мақомоти дастнишондаи Русия теъдоди қурбониёни фоҷиаи Каховкаро дар минтақаи зери назорати худ дар Украина барқасдона кам нишон додаанд.

Сарбанди нерӯгоҳи Каховка дар Украина шаби 6-уми июни имсол рахна шуд. Он дар болооби дарёи Днепр ҷойгир аст.

Русия гуфта буд, ки дар ин ҳодиса дар қаламрави таҳти назораташ 59 нафар ҷон бохтанд.

Таҳқиқоти “Ассошиэйтед Пресс” муайян кардааст, ки танҳо дар шаҳри Олешкии ишғолкардаи Русия ҳадди ақал “садҳо нафар ҷон бохтаанд”.

Дар ин минтақаи сераҳолӣ, ки зери об монд, ҳангоми ҳодиса тақрибан 16 ҳазор нафар мезист.

Украина, Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё масъулияти рахнаи сарбанди Каховкаро ба дӯши Русия гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG