Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои Исроил аз замину ҳаво ба маркази Ғазза


Ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза зиёда аз дуним моҳ боз идома дорад
Ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза зиёда аз дуним моҳ боз идома дорад

Нерӯҳои Исроил рӯзи 27-уми декабр аз замину об ва ҳаво ба маркази Навори Ғазза ҳамла кардаанд.

Мақомоти Фаластин аз кушта шудани даҳҳо кас хабар доданд.

Вазорати тандурустии Ғазза дар эъломияе гуфт, дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар наздикии шифохонае дар Хон Юнус 20 кас кушта шуд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, ҳазорон кас аз маҳалли даргирӣ фирор карданд.

Бо вуҷуди даъватҳои байнулмилалӣ барои оташбас ва коҳиши буҳрони башарӣ дар Ғазза, Исроил тасмим гирифтааст, дар ҷавоб ба ҳамлаи 7-уми октябр гурӯҳи “Ҳамос”-ро нобуд кунад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро созмони террористӣ медонанд.

Пизишкон рӯзи 27-уми декабр гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои исроилӣ ба маркази Ғазза се ҳамла анҷом доданд. Дар натиҷа, ба гуфтаи онҳо, ҳафт нафар кушта ва чанд каси дигар захмӣ шудаанд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, кормандонаш дидаанд, ки даҳҳо ҳазор нафар аз маҳалли даргирӣ пиёда ва ё бо хару мошин мегурезанд.

XS
SM
MD
LG