Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси маҷлиси Қазоқистон: Ҳоло дуҳокимиятӣ нест


Нурсултон Назарбоев ва Қосимҷомарт Тоқаев
Нурсултон Назарбоев ва Қосимҷомарт Тоқаев

Раиси порлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов гуфт, дар Қазоқистон дуҳокимиятӣ вуҷуд надорад.

Ин изҳороти Кошанов дар ҳолест, ки ахиран президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоев ба Маскав рафт ва бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кард.

"Одамон набояд нигарон шаванд. Имрӯз дуҳокимиятӣ вуҷуд надорад ва вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз ҳамаи тасмимҳоро роҳбари давлат Қосимҷомарт Тоқаев мегирад", - гуфт Кошанов.

Вай афзуд, президенти собиқ дар масоили давлатӣ дахолат намекунад.

Нурсултон Назарбоев моҳи марти соли 2019 истеъфо дод ва Қосимҷомарт Тоқаевро ҷойнишини худ таъйин кард.

XS
SM
MD
LG