Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархаи сеюми "Роғун" кай ба кор медарояд?


Маҳалли сохтмони "Роғун"
Маҳалли сохтмони "Роғун"

Чарха ё агрегати сеюми нерӯгоҳи “Роғун” соли 2025 ба истифода дода хоҳад шуд. Дар ин бора президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи паём ба порлумон хабар дод.

То имрӯз ду чархаи нерӯгоҳ, ки ҳукумати Тоҷикистон онро “ҳаёту мамот” меномад, сохта шудааст.

Дар сурати такмил, "Роғун" бо иқтидори 3600 мегават бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва истеҳсоли нерӯи барқро дар Тоҷикистон ду баробар зиёд хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр дар назди вакилон ва аъзои ҳукумат аз камбуди коргарон дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" гуфт. Ба қавли ӯ, феълан дар сохтани нерӯгоҳ 15 ҳазор нафар кор мекунад, аммо боз 5 ҳазор коргар намерасад.

XS
SM
MD
LG