Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пайи эътирозҳо манораи Эйфел баста шуд


Яке аз маконҳои дидании Порис (Париж) - манораи Эйфелро рӯзи чаҳоршанбе ба далели эътирози коргарон бастанд.

Коргарон мегӯянд, ширкати корфармо танҳо дар фикри фоида гирифтан аст ва ба ёрии техникӣ ва таъмири манора таваҷҷуҳ намекунад.

Онҳо ҳушдор доданд, ки агар мушкилоти техникӣ нодида гирифта шаванд, эҳтимол то оғози Бозиҳои олимпӣ дар Порис дар соли 2024 манора барои сайёҳон пурра баста шавад.

Коргарон пештар ҳам ҳушдор дода буданд, ки манора дар ҳолати бади техникӣ қарор дорад.

Дар соли 2022 5,9 миллион кас ба дидани ин манора рафтааст.

XS
SM
MD
LG