Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тақрибан 21 ҳазор кушта ва беш аз 54 ҳазор захмӣ" дар Ғазза


Ғазза, 27-уми декабри 2023
Ғазза, 27-уми декабри 2023

Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар бештар аз дуним моҳи охир, дар пайи ҳамлаҳои Исроил, наздик ба 21 ҳазор фаластинӣ кушта ва беш аз 54 ҳазор кас захмӣ шудаанд.

Ин минтақаи муҳосирашуда зери назорати гурӯҳи “Ҳамос” аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро созмони террористӣ медонанд.

Масъулони бахши тандурустии Ғазза рӯзи 26-уми декабр гуфтанд, дар 24 соати охир дар онҷо 241 фаластинӣ кушта ва 382 нафар маҷрӯҳ шуд.

Гурӯҳи тундрави “Ҳамос” рӯзи 7-уми октябри имсол ба Исроил ҳуҷум карда, 1200 касро кушт ва беш аз дусад нафарро гаравгон гирифт.

Аз он замон задухӯрди Исроил бо ҷангҷӯён дар Навори Ғазза идома дорад. Кӯшишу даъватҳо барои оташбаси дувум то ин дам бенатиҷа будааст.

XS
SM
MD
LG