Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин раҳбарони ИДМ-ро дар Русия ҷамъ овард. Чаро? ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон (рост) бо ҳамтои русаш Владимир Путин, Санкт-Петербург, 26-уми декабри 2023
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон (рост) бо ҳамтои русаш Владимир Путин, Санкт-Петербург, 26-уми декабри 2023

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки баъд аз оғози ҷанг дар Украина дар инзивои байнулмилалӣ мондааст, сарони 8 кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар Санкт-Петербург истиқбол гирифт.

Раҳбарони Тоҷикистону Туркманистон, Узбекистон, Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Озарбойҷон барои гуфтугӯҳои ғайрирасмӣ бо даъвати Путин дар остонаи соли нави милодӣ ҷамъ омаданд.

Дар бораи ҷузъиёти мулоқоти раҳбарони ин кишварҳо, ки баъди аз ҳам пошидани Шӯравии собиқ, як созмони муштаракро таъсис додаанд, чизе гуфта намешавад.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, ки ба ҷуз аз баррасии ҳамкориҳо "мубодилаи афкор атрофи доираи васеи масъалаҳои мубрами дорои аҳаммияти минтақаӣ ва байнулмилалӣ сурат гирифт", вале тафсилот надод.

Пеш аз нишаст Владимир Путин меҳмононашро ба тамошои осорхонаи “Тсарское село”, қароргоҳи таърихии императорҳои Русия бурд, ки барои таҷлил аз соли нави милодӣ ороиш додаанд.

Аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки зери нуфузи Русия аст, бо вуҷуди ба ҳам омадан дар як иттиҳод ихтилофҳои назар доранд ва борҳо бо ҳам ҷангу муноқиша кардаанд.

Озарбойҷону Арманистон то кунун бо ҳам даъвову кашмакаш доранд.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳам баъди муноқишаҳои батакрор бар сари қаламравҳои баҳсбарангези марзӣ танҳо имсол аз пешрафт дар музокирот хабар доданд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Сарони кишварҳои ИДМ ба меҳмонии Путин рафтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00
XS
SM
MD
LG