Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду наврас дар ноҳияи Шаҳристон ғарқ шудаанд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду тифли як хонадон, ки яке чор ва дуюмӣ ду сол дошт, дар канали деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ғарқ шудаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтааст, сабаби ғарқшавии кӯдакон беназоратии волидон аст.

Ин Кумита нагуфтаст, ки ҳодиса кай рух додааст, вале эҳтимол меравад, он рузҳои наздик рух додааст.

"Ҷасади ин ду тифлро сокинони деҳа пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд",- гуфтааст ин ниҳод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо аз моҳи январ то июли имсол 69 нафар дар дарёву рӯдҳои кишвар ғарқ шудаанд.

XS
SM
MD
LG