Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон гуфтанд, шиканҷаро дар боздоштгоҳҳо аз байн бурдаанд


Дар боздоштгоҳҳои муваққати Қирғизистон шиканҷа аз байн бурда шудааст. Дар ин бора вазири корҳои дохилии он кишвар Улан Ниёзбеков хабар дод.

Дар боздоштгоҳҳои муваққати Қирғизистон шиканҷа аз байн бурда шудааст. Дар ин бора вазири корҳои дохилии он кишвар Улан Ниёзбеков хабар дод.

Вай гуфт, дар ҳамаи қисмҳои навбатдорӣ ва боздоштгоҳҳои муваққат дурбинҳои наворбардорӣ сабт шудааст.

"Дар натиҷа миёни боздоштшудаҳо падидаҳои манфӣ, мисли худкушӣ, ҷанг ва шиканҷа аз байн бурда шудааст", - гуфт вазир.

Пештар Маркази миллии Қирғизистон оид ба пешгирӣ аз шиканҷа хабар дода буд, ки дар соли 2022 82 кас аз шиканҷа шудан шикоят карда буданд.

Маълумот дар бораи шиканҷаҳо дар боздоштгоҳҳои Қирғизистон барои соли 2023 ҳанӯз нашр нашудааст.

XS
SM
MD
LG