Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумҳурии Чехия имрӯз мотам дорад


Дар Ҷумҳурии Чехия рӯзи 23-уми декабр ёди қурбониёни тирандозии мудҳиш дар яке аз донишгоҳҳои маъруфи кишварро гиромӣ медоранд.

Дар ин рӯз, ки мотами миллӣ эълон шудааст, мардум ба хотири 14 нафаре сукут мекунанд, ки рӯзи 21-уми декабр аз тарафи як донишҷӯи факултаи фалсафаи Донишгоҳи Карлови Чехия кушта шуданд. Имрӯз дар тамоми биноҳои давлатӣ парчамҳои кишвар нимаафрошта ҳастанд ва қарор аст, нисфирӯзӣ дар тамоми Чехия, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва узви НАТО зангӯлаҳои калисоҳо ба садо дароянд.

Вит Ракушан, вазири умури дохилии Чехия гуфт, ки ҳуввияти 14 нафар қурбонии тирандозиро маълум кардаанд. Дар байни қурбониён, номи Ленка Ҳлавкова мудири Пажуҳишгоҳи санъати мусиқӣ дар Чехия низ ҳаст. Давид Козак, ҷавони 24-сола тирандоз баъди тирандозӣ худкушӣ кардааст.

Ба қавли мақомот, онҳо далелҳое доранд, ки нишон медиҳанд, тирандоз дар қатли як марди чех ва тифли ду моҳааш дар ҳафтаи гузашта даст дорад. Ӯ қабл аз тирандозӣ дар донишгоҳ падарашро ҳам куштааст.

XS
SM
MD
LG