Дафтари матбуоти вазорат рӯзи 22-уми декабр хабар дод, ки тарҳи қарори вазорат дар ин бора дар сурати қабул шуданаш мумкин аст, аз моҳи апрели соли 2024 ҳукми иҷро бигирад. Аз ин пештар Михаил Черников, раиси Бозрасии Давлатии Автомобилии Русия пешниҳод кард, онҳое, ки аз даъват ба хидмат саркашӣ мекунанд, ба имтиҳони ронандагӣ роҳ дода нашаванд.
Ӯ моҳи июл гуфт, онҳое, ки даъватнома гирифтаанд, вале ба комиссариати низомӣ ҳозир намешаванд, дигар наметавонанд, гувоҳиномаи ронандагӣ бигиранд, ё онро иваз кунанд ва ё мошинҳояшонро сабти расмӣ намоянд. Ба қавли Михаил Черников, феҳрасти чунин одамонро онҳо дар даст доранд.
Баъди ҳамла ба Украина дар ду соли пеш, ҳукумати Русия дар қонунгузориҳои хидмат дар сафи артишро чанд дафъа тағйир дод. Аз ҷумла синни даъват ба хидмати низомӣ аз 27 сол то ба 30 сол боло бурда шуд. Ҷарима барои ҳозир нашудан ба комиссариати низомиро аз 3 ҳазор рубл то ба 30 ҳазор рубл боло бурданд.
Дар Русия садҳо ҳазор зодагони Тоҷикистон тобеияти ин кишварро доранд ва ҳамаи ин қонунҳо ба онҳо низ дахл дорад.