Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суръати интернети мобилӣ: Тоҷикистон дар қатори Судону Ҳаитӣ


Тоҷикистон дар даҳгонаи аввали кишварҳое ҷой гирифтааст, ки суръати интернети мобилӣ дар онҷо бисёр бад аст. Дар радифи Куба, Яман, Сурия, Афғонистон ва Судону Ҳаитӣ.

Радабандиро Ookla бар асоси маълумоти Speedtest нашр кард.

Бинобар он, суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон ба 9.35 мегабит дар як сония баробар будааст. Ин ҳолат кишварро дар миёни 145 давлат дар ҷойгоҳи 139-ум нишонда.

Аз миёни кишварҳои минтақа

  • Узбекистон бо 24.70 мегабит (дар як сония) дар ҷойи 99;
  • Қирғизистон бо 25.47 мегабит (дар як сония) дар ҷойи 92;
  • Қазоқистон бо 35,49 мегабит (дар як сония) дар ҷойи 67 истодаанд.

Русия аз қатори сад кишвари суръати интернети мобилияшон боло берун шудааст. Агар қаблан дар зинаи 99-ум буд, ҳоло дар ҷойгоҳи 102-юм аст.

Дар ин радабандӣ Имороти Муттаҳидаи Араб дар сафи аввал қарор дорад. Суръати миёнаи интиқоли маълумот дар онҷо дар як сония ба 324,92 мегабит мерасад.

Солҳо боз мардуму матбуот дар Тоҷикистон суръати поини интернетро дар кишвар танқид мекунанд. Монополия ва афзоиши якбораи нархи хадамот дар ин соҳа, ки ҳанӯз 15-17 сол пеш дар Тоҷикистон муваффақу сердаромад гуфта мешуд, сабаби ин вазъ номбар мешавад.

XS
SM
MD
LG