Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти баҳсбарангези Прилепин. Тошканд сафири Русияро даъват кард


Захар Прилепин
Захар Прилепин

Як изҳороти Захар Прилепин, ҳамраиси ҳизби "Русияи одил - барои ҳақиқат", баҳсбарангез шудааст. Ӯ гуфта, ки қаламрави Узбекистон ба ҳайати Русия ҳамроҳ карда шавад.

"Самимона ҷонибдори ҳамроҳ кардани қаламравҳое ҳастам, ки аз онҷо муҳоҷирони корӣ ба Русия меоянд. Ба онҳо на дар ин ҷо, балки дар он ҷо, масалан, дар Узбекистон забони русиро биомӯзонанд," --афзудааст Прилепин.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар робита ба изҳороти Захар Прилепин сафири Русияро дар Тошканд ба суҳбат давъат кард.

Ба иттилои вазорат, дар ҷараёни суҳбат сафир Олег Малгинов "огоҳ карда шуд, ки чунин изҳороти бепарвоёна хусусияти иғвогарӣ дорад ва метавонад ба муносибатҳои дӯстонаи таърихии Узбекистон ва Русия таъсир расонанд".

Сафири Русия дар навбати худ изҳор дошта, ки дар кишвараш ҳеч гоҳ соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Узбекистонро мавриди шубҳа қарор намедиҳанд. Дар Вазорати корҳои хориҷии Русия низ гуфтанд, ки суханҳои Захар Прилепин бо мавқеи расмии Кремл ба ҳеч ваҷҳ мувофиқат намекунанд.

Чанде пеш Захар Прилепин дар яке аз суханронияш гуфт, мушкили занозании муҳоҷирон дар Русияро мешавад бо роҳи ҳамроҳ кардани қаламравҳои нав, аз ҷумла Узбекистон ба ҳайати кишвараш ҳал кард.

XS
SM
MD
LG