Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико 119 муҳоҷири ғайриқонуниро ба Узбекистон баргардонд


Сарҳади Мексика бо Амрико
Сарҳади Мексика бо Амрико

Ҳукумати Амрико 119 шаҳрванди Узбекистонро дастгир карда, ба Тошканд фиристод. Мақомот мегӯянд, ки онҳо бо роҳҳои ғайриқонунӣ вориди Иёлоти Муттаҳида шудаанд.  

Оҷонси муҳоҷирати Узбекистон рӯзи 21-уми декабр тасдиқ кард, ки ин афрод тавассути Мексика ба Амрико гузашта буданд.

Яке аз муҳоҷирон гуфт, рӯзи 3-юми сентябри имсол тавассути Мексика ба Амрико гузашт ва 110 рӯз дар боздошт буд. Вай афзуд, убури сарҳади Мексика бо Амрико 30 рӯз вақт гирифт. Ин шаҳрванди Узбекистон барои гузаштан аз марзи ду давлат ба миёнарав панҷ ҳазор доллар додааст.

Сафорати Амрико дар Узбекистон мегӯяд, узбекистониҳое, ки ғайриқонунӣ марзи Мексикаро убур ва вориди ИМА мешаванд, боздошту ихроҷ хоҳанд шуд.

Пештар расонаҳо навишта буданд, ки дар ду соли охир шаҳрвандони Узбекистон дар рӯйхати касоне, ки ғайриқонунӣ вориди Амрико мешаванд, ба мақоми севум расидаанд. Дар ин бора дар оморе зикр шудааст, ки онро Fox News нашр кард.

XS
SM
MD
LG