Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба сохтмони як роҳ дар Тоҷикистон аз Африқо коргар овардаанд. ВИДЕО


Роҳсозони африқоӣ мегӯянд, ки онҳоро як ширкати чинӣ ба Тоҷикистон овард
Роҳсозони африқоӣ мегӯянд, ки онҳоро як ширкати чинӣ ба Тоҷикистон овард

Ба сохтани як роҳ дар шимоли Тоҷикистон гурӯҳе аз коргаронро аз Чин ва кишвари африқоии Ғано (Гана) овардаанд. Ин роҳ аз Конибодом то Спитамен аст ва аз ҳудуди ду ноҳияи ҳаммарз бо Қирғизистон низ мегузарад. Пулро Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон додаанд, аммо масъули сохтмон як ширкати чинист.

Коргарони африқоӣ мегӯянд, кору зиндагӣ дар Тоҷикистон барояшон таҷрибаи нодир аст, вале писанд. "Чор моҳ боз дар шаҳри Конибодом кор мекунам. Баъзан барои суҳбат душворӣ мекашем. Бо ёрии тарҷумони ҳушманд корро пеш мебарем," – гуфт роҳсоз Патрик Сез аз Ғано (Гана).

Вай ҳамроҳи зиёда аз 30 ҳамкораш омадааст. Эдмунд Кйерематенг яке аз онҳост. Мегӯяд, ки “тоҷикон мардуми хуб ҳастанд. Вазъи боду ҳаво фарқ мекунад. Инҷо сард аст, Африқо гарм. Хӯрок ҳам фарқ мекунад.”

Эдмунди 36-сола шаш моҳ боз кор мекунад. Ӯ мегӯяд, дар роҳсозӣ бо чиниҳо таҷрибаи бисёрсола дорад ва пешниҳоди онҳоро барои кор дар Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфт. “Наметавонам аз номи ҳама гап занам ва бигӯям, ки хуб асту сари вақт маош мегирем. Аммо баъзе аз мо, аз ҷумла ман, розӣ ҳастем. Агар маошро сарфакорона истифода кунед, ба ҳама чиз мерасад,” – мегӯяд ӯ.

Осейбонсу Ҷастейс аз Ғано (Гана) як моҳ пеш ба ҳамкоронаш дар Тоҷикистон пайвастааст. Қарордоди дусола дорад. Мегӯяд, бо пешниҳоди дӯстон роҳи инҷоро ёфту омад ва бо вуҷуди тафовути зиёд барои кору зиндагӣ мутобиқ мешавад.

Роҳе, ки коргарони африқоӣ месозанд, бештар аз 50 километр тӯл дорад ва аз ҳудуди шаҳри Конибодому ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов мегузарад. Мақомот мегӯянд, роҳ аҳамияти байнулмилалӣ дорад ва бо сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон сохта хоҳад шуд.

Масъулияти сохтмонро ширкати “China Railway” бар уҳда дорад. Сонг Хай Чун аз Чин панҷ сол боз дар роҳҳои Тоҷикистон кор мекунад ва мегӯяд, солҳои пеш ба Африқо мерафтанд ва дар онҷо бо роҳсозони он кишвар ошно шуданду ба инҷо оварданд.

“Азбаски корашон нисбатан хуб аст, ба Тоҷикистон овардем. Мақсади мо сифат аст. Муносибату дӯстии тоҷикон бо мо хуб аст ва худро дар инҷо амн эҳсос мекунем,” – гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон, ки сатҳи бекорӣ зиёд аст ва ҳар сол садҳо ҳазор кас дар ҷустуҷӯи кору маоши муносиб ба хориҷа, асосан ба Русия мераванд, дар гузашта шикоятҳо аз ҷалби хориҷиён ба кор дар кишвар зиёд будааст. Айни замон муноқишаҳо байни коргарони тоҷик ва чинӣ дар иншооту корхонаҳое, ки ду кишвар муштарак идора мекунанд, дида шудааст.

Ба таъкиди масъулони бахши роҳсозӣ, ба сохтмони роҳ аз Конибодом то Спитамен бояд 80 дарсад коргарони маҳаллӣ ва 20 дарсад коргарони хориҷӣ ҷалб гарданд. “Ҳоло қариб 400 коргари маҳаллӣ кор мекунанд, ҳудуди 40 хориҷӣ,” – афзуданд онҳо.

Муҳаммадшариф Азизов, масъули лоиҳаи роҳ дар вилояти Суғд дар масъалаи ҷалби роҳсозони африқоӣ гуфт, “аввал чиниҳо бо инҳо шартнома баста, ҳама шароитро фаҳмондаанд. Масалан, дар бораи маош, хӯрок ва ҷои зист. Баъд инҳо омаданд. Харҷи роҳро ҳам чиниҳо пардохтаанд. Мо ҳам муҳоҷир шуда ба дигар кишварҳо меравем, инҳо ҳам барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба инҷо омадаанд.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Тоҷикон дар Русия кор мекунанд, африқоиҳо дар Суғд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:28 0:00

Сохтмони роҳ моҳи марти имсол сар шуда, қарор аст се сол идома кунад. Як қисмати роҳ аз ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон мегузарад. Ҷойе, ки аз як тараф ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва аз тарафи дигар деҳаҳои Арқа ва Борбордуқи Қирғизистон ҷойгир шудаанд.

Шаҳрвандони ду кишвар аз ин роҳ, ки хароб аст, якҷоя истифода хоҳанд бурд. Дар ин минтақа чанд бор, аз ҷумла дар моҳи сентябри соли 2022 муноқишаи хунин сар задааст.

Масъулони Вазорати нақлиёт умед доранд, ки дар ҷараёни ироҷи лоиҳа кори кумисюни таъйину нишонагузории марз ба поён мерасад ва монеае барои сохтмони роҳ ба вуҷуд нахоҳад омад. Аммо то ҳол маълум нест, ки дар чанд километри ин роҳ барои бозсозиаш ба мувофиқа расидаанд ва чанд километри дигари баҳсӣ мондааст. Тоҷикистон бо Қирғизистон 980 километр хати марз дорад, ки аз он 664 километраш муайян шудааст.

Роҳсозони африқоӣ аз ин душворӣ хабар надоранд, вале мегӯянд, кор бояд идома ёбаду маоши худро ҷамъ кунанд ва барои рӯзгузаронӣ ба оилаҳояшон фиристанд ё ҳангоми бозгашт бо худ баранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG