Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Якҷилва" ё чандҷилва? Фарқи гуфтаҳо ва навиштаҳои созиши Тоҷикистон бо як ширкати чинӣ. ВИДЕО


Яке аз деҳаҳои ноҳияи Мурғоб

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти муомила бо як ширкати чиниро дар бораи истифода аз кони нуқраи Якҷилваи ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори куҳистони Бадахшон пурра ошкор накарданд, Радиои Озодӣ матни комили созишномаро ба даст овард.

Бино ба он, ширкати чинии “Каши Синюй дади майнинг инвестмент лимитед” барои истихроҷи нуқра аз ин кон то соли 2037-ум, яъне 18 соли оянда, иҷоза ба даст овардааст. Ҳарчанд Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар порлумон ва дар назди вакилон аз 7 сол сухан мегуфт.

Рӯзи 1-уми октябри имсол Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – аз тарҳи созишномаи ҳукумат бо ширкати чинӣ, ки соҳиби кони нуқраи Якҷилва шуд, ҷонибдорӣ кард. Иқдоми вакилон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксаран вокуниши манфии корбаронро ба вуҷуд овард ва аксарият мепурсиданд, ки чаро як кон ба пуррагӣ ба ихтиёри ширкати Чин супурда шуд?

Мақомоти ҳукумати вилояти Бадахшон дар ҷавоб ба ин вокунишҳо ва нигарониҳо гуфтанд, кон ба ширкати чинӣ ҳадя карда ё фурӯхта нашудааст ва ин як роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар аст.

Дар мавриди захираҳои ин кон низ иттилоъ гуногун аст. Рӯзи 1-уми октябр, вақте дар порлумон ин масъала баррасӣ шуд, захираи нуқраи кон 113 тонна арзёбӣ гардид. Баъзе аз расонаҳои Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Саридораи геологияи Тоҷикистон захираи онро 205 тонна гуфтанд. Вале ҳукумати вилояти Бадахшон мегӯяд, захираи ин кон ба 415 тонна мерасад. Маълум нест, ин рақамҳо аз куҷо ба даст омадаанд ва чаро гуногунанд.

Дар созишномаи ҳукумат бо ширкати чинӣ дар ин бора чизе гуфта нашудааст.

Аммо бинобар бандҳои созишнома, ширкати чинӣ дар се соли аввал вазифадор мешавад, ки 40 дарсади коргаронро аз Тоҷикистон ва 60 дарсади дигарро аз хориҷа ҷалб кунад. Баъд аз се соли он ширкати чинӣ уҳдадор аст, 80 дарсади коргаронро аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ҷалб кунад ва 20 дарсади дигарро аз хориҷ биёрад.

Айни замон ба маълумоти ширкати чинӣ 106 нафар дар ин кон кор мекунанд, ки аз онҳо 70 нафар шаҳрвандони Чин ва 36 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Ин видео аз ҷаласаи порлумон аст:

Тоҷикистон боз як кони худро ба сармоягузорони Чин дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00

Дар мавриди маош намояндаи ширкати чинӣ, ки рӯзи 1-уми октябр дар порлумон ҳузур дошт, гуфт, кормандон моҳе 2600 сомонӣ хоҳанд гирифт. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи масъулон, ин ҷойи кор муваққатӣ хоҳад буд, чун дар шароити баландкӯҳи Мурғоб танҳо 5 моҳ имкони кор кардан вуҷуд дораду бас.

Аммо чанд суол ва мояи нигаронии асосии шаҳрвандон дар созишнома низ дақиқ нашудааст ва ҳамин тавр норӯшан мемонад. Аввал ин ки кон ба пуррагӣ ба дасти ширкати Чин мегузарад, ҳарчанд он уҳдадор шудааст барои истихроҷи нуқра то кон хатти барқ кашад ва 39 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Дуввум ин ки ширкати чинӣ ҳақ дорад консентрат ва ё маъдани ғанишударо ба Чин бубарад ва дар ниҳоят барои Тоҷикистон маълум нахоҳад буд, ки чиниҳо аз қаъри замини Тоҷикистон чӣ миқдор сарватро берун кашиданд?

Зуҳур Ёров, геологи варзидаи тоҷик, мегӯяд, номи асосии коне, ки дар Мурғоб ба дасти чиниҳо гузашт, дар асл «Оқҷилда» аст ва аз куҳантарин конҳои Тоҷикистон ба шумор меояд. Ӯ рӯзи 8-уми октябр гуфт, ҳанӯз дар солҳои Шӯравӣ бостоншиносон аз ин мавзеъ дар водии Аличури Мурғоб вайронаҳои шаҳракеро бо номи «Самарқандак» кашф карда буданд ва аз он ҷо тангаҳои гудохтаи нуқрагиро пайдо карданд.

«Аз ин бармеояд, ки ҳанӯз гузаштагони мо аз ин кони нуқра хабар доштанд ва ин металро истихроҷ мекарданд», -- гуфт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, «ин кони хеле нодир аст ва нуқраи бисёр тоза дорад. Каму беш металҳои дигар низ кашф шудаанд, ба мисли синк ва сурб. Захираҳои кашфшудаи нуқра дар он ҷо хеле зиёд аст.»

Ба қавли як манбаи дигар, дар ин кон ҳамчунин захираҳои бузурги тило, мис, никел, кобалт ва маводи дигар низ мавҷуд аст.

Зуҳур Ёров мегӯяд, дар наздикии кони Якҷилва ҳамчунон конҳои дигар низ мавҷуданд, аз қабили кони қалъагӣ ва тило. «Чиноиҳо мехоҳанд бо сармояи кам даромади бисёр ба даст оранд. Мешуд аз чиниҳо талаб кард, ки дар водии Аличур як шаҳрчаи саноатӣ созанд, то коргарони Якҷилва, ки дар баландӣ воқеъ аст, дар он ҷо кору зиндагӣ кунанд. Чун дар ин мавзеъ конҳои дигар ҳам ҳастанд ва ҳама заминаҳо барои ба вуҷуд омадани як шаҳрчаи саноатӣ вуҷуд дорад.»

Ҳоло ширкатҳои чинӣ истихроҷи аксар конҳои тилои Тоҷикистонро низ дар даст доранд. Ба ҷуз аз ширкати муштараки Тоҷикистону Чин -- "Зарафшон", чиниҳо кони тилои "Покруд" дар Ромит ва ширкати ТВЕА-и ин кишвар бар ивази сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, парвонаи ду кони тило дар ноҳияи Айнӣ -- "Дуобаи шарқӣ" ва "Кумарғи боло"-ро ба даст овард.

Соли гузашта мизони додугирифт миёни Тоҷикистону Чин аз марзи якуним миллиард доллар гузаштааст. Се сол пеш ду кишвар аҳд бастанд, ки мизони табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Чинро то соли 2020 то 3 миллиард доллар афзоиш медиҳанд.

Моҳи июни имсол дар пайи мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Чин дар Душанбе 18 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сармоягузорӣ, кишоварзӣ, мубориза зидди терроризм ва таъсиси корхонаҳои муштарак ба имзо расид.

Ба ҳисоби расмии чиниҳо, беш аз 300 ширкати ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, ин ҳамкориҳо истихроҷи тило ва ангишт, истеҳсоли семент, корхонаҳои кимиёӣ, барқ, нассоҷӣ, кишоварзӣ, интиқоли бор ва дигар бахшҳоро дар бар мегиранд.

Чин аз соли 2013 ба ин сӯ мақоми шарики стратегии Тоҷикистонро касб кардааст.

Шарҳҳоро бинед (20)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG