Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистон бе муҳокима тарҳи тағйири парчамро пазируфт


Вакилони порлумони Қирғизистон дар ҷаласае рӯзи 20-уми декабр тарҳи қонунро дар бораи тағйир додани парчами ин кишвар қабул карданд.

Ба ҷонибдорӣ аз тарҳ 59 вакил ва ба зидди он 5 вакил раъй доданд. Барои ба иҷро даромадани тарҳ акнун кофист, ки онро президент имзо гузорад.

Раиси порлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев ва вакили дигари порлумон Улан Примов аз ташаббускорони тарҳ буданд. Онҳо гуфтанд, парчами ҳозираи Қирғизистон ба офтобпараст монанд аст ва онро бояд ба офтоб монанд кард.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, низ айни ин ҳарфҳоро пештар гуфта буд. Вай афзуд, идеяи тағйир додани парчам ба ӯ тааллуқ дорад. Ҷабборов ҳамчунин эътироф кард, ки маҳз вай барои тағйир додани ин рамзи давлатӣ ташаббус нишон додааст.

Ташаббуси тағйир додани парчами Қирғизистон вокуниши васеи ҷомеаро дар он кишвар ба бор овард.

Шаҳрвандони Қирғизистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ эътирози худро аз ин ташаббус баён мекунанд.

XS
SM
MD
LG