Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогери узбек Отабек Аҳлиддинов 7 сол зиндонӣ шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Сардори шуъбаи қабулу ташхиси бемористони ноҳияи Шаҳрихони Узбекистон ва блогер Отабек Аҳлиддинов 7 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Дар додгоҳи вилояти Андиҷон гуфтанд, ки додгоҳи шаҳри Хонобод 24-уми ноябри имсол Аҳлиддиновро ба тамаъҷӯӣ ва азхудкунии пулҳои буҷет гунаҳкор донистааст.

Додгоҳ ӯро аз ҳаққи блогерӣ ва фаъолият дар ниҳодҳои давлатӣ низ ба муҳлати 3 сол маҳрум кард.

Тибқи маводи парванда, Аҳлиддинов, ки дар бораи мушкилоти сокинон менавишт, гуё барои нашр накардани мавод дар бораи камбудҳои низоми гармидиҳии маҳалли кори худ 300 доллар ришва гирифтааст.

Ҳамчунин гуё аз созмони "аутсорсинг" барои нашр накардани маълумот дар бораи камбудҳои корхона 12,8 миллион сӯм талаб кардааст.

Худи Аҳлиддинов аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва гуфтааст, ба Додгоҳи олии Узбекистон шикоят мекунад.

XS
SM
MD
LG