Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ як мушаки болдорро озмоиш кард


Кореяи Шимолӣ рӯзи 18-уми декабр мушаки болдори "Хвасон-18"-ро озмоиш кард, ки қодир аст, то ба ҳудуди Амрико бирасад.

Дар бораи партоби мушак хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ иттилоъ дод. Роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин ҷараёни партоби мушакро назорат кардааст.

"Хвасон-18" мушаки муосир ва пуриқтидоре аст, ки Кореяи Шимолӣ дар ихтиёр дорад.

Ин мушак қодир ба интиқоли силоҳи ҳастаӣ аст ва метавонад, то ҳудуди Амрико парвоз кунад. Озмоиши нахустини ин мушак моҳи апрели соли 2023 сурат гирифта буд.

Амрико, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон партоби мушакро маҳкум кардаанд.

Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш мегӯянд, Кореяи Шимолӣ қатъномаи Шӯрои амниятро поймол мекунад.

XS
SM
MD
LG