Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский нишасти солонаи матбуотӣ баргузор мекунад


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, президенти Украина, рӯзи 19-уми декабр нишасти солонаи матбуотӣ баргузор хоҳад кард. Он соати шаши бегоҳ ба вақти Киев зери чораҳои сахти амниятӣ мегузарад.

Ин дар ҳолест, ки ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия ба Украина дар саросари кишвар, аз ҷумла Киев, идома доранд.

Кохи Сафед эълом кард, ки ин моҳ ба Украина кумакҳои бештари низомӣ мефиристад.

Бонки Аврупо низ чаҳор миллиарду сесад миллион доллар кумакро ба Украина барои рушд ва бозсозӣ қабул кардааст.

Нишасти охирини матбуотии Владимир Зеленский рӯзи 24-уми феврали имсол дар пайванд ба солгарди ҳамлаи бедалели Русия ба Украина баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG