Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъҳо: Исроил ва "Ҳамос" бо вуҷуди ихтилофҳо омодаи оташбас ҳастанд


Ғазза, Фаластин
Ғазза, Фаластин

Хабаргузории "Рейтерс" рӯзи 17-уми декабр аз қавли манбаъҳои худ дар Миср хабар дод, ки Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос"* омодаи оташбаси нав дар Ғазза ва озодии гаравгонҳо ҳастанд, ҳарчанд ихтилофи назарҳои зиёде дар бораи шеваи ин оташбас вуҷуд дорад.

Умедҳо барои оташбаси нав замоне бештар гардид, ки раиси Созмони истихбороти Исроил (Моссад) рӯзи ҷумъа бо нахуствазири Қатар мулоқот кардааст.

Ду манбаи амниятии Миср рӯзи якшанбе ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтанд, ки "Ҳамос" ба тартиб додани рӯйхати гаравгонҳое, ки қарор аст озод шаванд ва ҳамчунин ақибнишинии нерӯҳои исроилӣ ба пушти хатҳои аз пеш таъйиншуда, пофишорӣ дорад.

Ба гуфтаи ин манбаъҳо, Исроил то ҳадде ба шарти аввали "Ҳамос" мувофиқат кардааст, аммо бо вуҷуди ин гуфтааст, ки нерӯҳояш ақибнишинӣ нахоҳанд кард.

Манобеи огоҳ мегӯянд, Миср ва Қатар, ки пеш аз ин дар бораи оташбаси якҳафтаӣ ва озодии гаравгонҳо миёнравӣ мекарданд, бар суръат бахшидан ба кумакҳо ва кушодани гузаргоҳи "Карам Шалом" қабл аз оғози ҳар гуна гуфтугӯҳое дар ин бора, исрор доштаанд. Ин гузаргоҳ баъд аз зуҳри рӯзи якшанбе аз сӯи Исроил боз шуд.

Хабарҳо дар бораи эҳтимоли оташбас миёни ҷонибҳои даргир дар Ғазза дар ҳоле нашр мешавад, ки талафоти ин ҷанг рӯ ба афзоиш аст.

Вазорати тандурустии Фаластин дар Ромаллоҳ рӯзи якшанбе эълон кард, ки ҳудуди 18000 фаластинӣ аз рӯзи 7-уми октябр то кунун дар Ғазза кушта шудаанд, ки 70 дарсади онҳо занон ва кӯдакон ҳастанд.

Ба гуфтаи ин вазорат, омори ёдшуда шомили беш аз 300 табиб, ҳамшираи шафқат ва коркунони бахши тиб, 86 рӯзноманигор ва 133 нафар аз кормандони Оҷонси кумак ва кори СММ барои оворагони фаластинӣ дар Ховари Миёна мешавад.

Тибқи ин омор, дар ҷанги ҳозираи Ғазза ҳамчунин беш аз 51 ҳазор нафар захмӣ шудаанд ва шумори зиёде ҳам нопадид ҳастанд. Вазорати тандурустии Фаластин дар идомаи гузориши худ гуфтааст, ки аз 36 бемористон дар навори Ғазза, танҳо 8 бемористон, он ҳам қисман, фаъолият мекунанд.

Ин вазорат омори худро бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ аз бемористонҳои Ғазза, ки зери назорати "Ҳамос" аст, таҳия кардааст. Артиши Исроил ҳафтаи гузашта эълон карда буд, ки аз 7-уми октябр ба ин тараф беш аз 22 ҳазор маконро дар Ғазза ҳадаф қарор додааст.

Дар ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябр 1200 нафар кушта ва беш аз 240 тани дигар ба гарав гирифта шуданд. Дар оташбаси якҳафтаинаи моҳи ноябр миёни "Ҳамос" ва Исроил, ҳудуди 100 нафар аз ин гаравгонҳои исроилӣ озод шуданд.

Талошҳои байнулмилалӣ барои оташбаси доимӣ ва пойдор дар Ғазза ҳанӯз бенатиҷа аст. Исроил мегӯяд, то аз байн бурдани "Ҳамос" ба ҷанг идома медиҳад. "Ҳамос" ҳам дар муқобил гуфтааст, ки дар баробари ин ҳамлаҳо истодагарӣ хоҳад кард.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG