Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршикании садҳо корманди як ширкат дар Қазоқистон


Зиёда аз 500 корманди ширкати "West Oil" дар деҳаи Жетибойи вилояти Манғистауи Қазоқистон як ҳафта мешавад, ки коршиканӣ мекунанд.

Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса иттилоъ дод, ки чораҳои амниятӣ дар Жетибой пурзӯр ва шумори кормандони пулис дар деҳа бештар шудааст.

Ба Жетибой нерӯҳои таъйиноти махсуси Қазоқистон сафарбар шудаанд.

Эътирозгарон аз 11-уми декабр талаб доранд, ки онҳо ба ширкатҳои тобеи "КазМунайГаз" интиқол дода шаванд ва ҳамчунин маошашон бар асоси низоми ягонаи музди меҳнат пардохт гардад. Техникаҳои корӣ низ нав карда шаванд.

Вазири энергетикаи Қазоқистон ва ширкати "КазМунайГаз" иҷрои талабҳои кормандонро "беасос" ва "номумкин" меноманд. Эътирозгарон мегӯянд, барои иҷрои талабҳои онҳо танҳо "иродаи сиёсӣ" лозим аст.

XS
SM
MD
LG