Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба зидди ду рэпсаро парванда боз кардааст


Кумитаи тафтишотӣ дар Маскав ба зидди рэпсароён Шерафган Шарипов ва Ислом Зокиров ба гумони барангехтани кинаву адовати миллӣ ва нажодӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Шарипов дар як "батл" гуфтааст, ки "ин чи гуна ороиши мӯй аст" ва ӯ "зидди гирифтани пӯсткала нест".

Ин суханҳо ишора ба ҳодисае шуданд, ки моҳи июли соли 2023 дар Электростал рух дод. Шахсони ношинос дар Электростал пӯсти сари як ҷавони 19-соларо барои сабз будани ранги мӯйҳояш канда гирифтанд.

Зокиров дар рэпи худ гуфтааст, "ба зани ҳомилаи рус зарба мезанад ва он зарбаи пешгирикунанда аст".

Видеои баромади рэпсароён шоми 15-уми декабр дар саҳифаи "Многонатсионал" дар Телеграм, ки зидди муҳоҷират аз Осиёи Марказӣ мебошад, нашр шуд. Муаллифони канал аз мақомоти тафтишотии Русия даъват карданд, ки рэпсароҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дертар Зокирови 17-сола боздошт шуда, Вазорати корҳои дохилии Русия видеои узрхоҳии ӯро нашр кард.

Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, ду рэпсаро аз Осиёи Марказӣ, ки дар Маскав зиндагӣ мекарданд, дастгир шуданд. "Новая газета Европа" навишта, ки Шарипов зодаи Тоҷикистон ва Зокиров аз Қирғизистон аст.

XS
SM
MD
LG